ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти рӯзномаи «Российская Бизнес- газета» сарфи назар аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ интиқоли маблағ аз Федератсияи Русия ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кам нагардидааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, на нигоҳ доштани сохтмон, на мушкилоти савдои бозор ба интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ таъсир накардааст. Дар семоҳаи дуюм аз ФР тавассути бонкҳо ва дигар сохторҳои интиқолдиҳандаи маблағи муҳоҷирон 5 млрд. 703 млн. доллари амрикоӣ ё нисбат ба се моҳаи авали соли ҷорӣ 801 млн. доллар маблағ бештар интиқол дода шудааст. Дар ин муддат маблағи аз ҳама зиёд ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 477 млн. ,Тоҷикистон 392 млн. Қирғизистон 224 ва Ҷумҳурии Арманистон 215 млн. доллари амрикоӣ интиқол дода шудааст. Интизор меравад, ки дар семоҳаи сеюм интиқоли маблағ ба ИДМ боз бештар хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






