ИСТИФОДАИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ – ИН САРФАЮ САРИШТАКОРИСТ
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Баъди пахш ва нашри Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва ба тасвиб расидани Фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» аз 24 – уми апрели соли 2009 раванди ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштани аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо оғоз ёфт. — Истифодаи лампаҳои каммасрафи замонавӣ харҷи нерӯи барқро то 5 маротиба кам мекунад, илова бар ин, мӯҳлати кори онҳо 8 – 10 маротиба аз лампаҳои тафсон зиёд аст, омадааст дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, -иброз доштанд дар ширкати саҳҳомии холдинги «Барқи тоҷик» ба мухбири АМИТ «Ховар». Бояд тазаккур дод, ки аввалин лампаҳои каммасраф, ки онҳо лампаҳои «люминестсентӣ» номида шудаанд, солҳои сиюм аз ҷониби ширкати маъруфи ИМА «Ҷенерал Электрикс» истеҳсол шуданд. Дар солҳои 70 – 80 –и асри гузашта бузургтарин ширкатҳои Аврупо ба истеҳсоли лампаҳои люминестсентӣ оғоз карданд, ки мақсад аз ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо сарфаи нерӯи барқ дар истеҳсолот ва рӯзгори мардум дониста шуда буд, ки имрӯз низ он маънои худро гум накардааст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






