ИСТИФОДАИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ – ИН САРФАЮ САРИШТАКОРИСТ

Сентябрь 1, 2009 09:11

                Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Баъди пахш ва нашри Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва ба тасвиб расидани Фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» аз 24 – уми апрели соли 2009 раванди ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштани аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо оғоз ёфт.                — Истифодаи лампаҳои каммасрафи замонавӣ харҷи нерӯи барқро то 5 маротиба кам мекунад, илова бар ин, мӯҳлати кори онҳо 8 – 10 маротиба аз лампаҳои тафсон зиёд аст, омадааст дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, -иброз доштанд дар ширкати саҳҳомии холдинги «Барқи тоҷик» ба мухбири АМИТ «Ховар».                Бояд тазаккур дод, ки аввалин лампаҳои каммасраф, ки онҳо лампаҳои «люминестсентӣ» номида шудаанд, солҳои сиюм аз ҷониби ширкати маъруфи ИМА «Ҷенерал Электрикс» истеҳсол шуданд.                  Дар солҳои 70 – 80 –и асри гузашта бузургтарин ширкатҳои Аврупо ба истеҳсоли лампаҳои люминестсентӣ оғоз карданд, ки мақсад аз ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо сарфаи нерӯи барқ дар истеҳсолот ва рӯзгори мардум дониста шуда буд, ки имрӯз низ он маънои худро гум накардааст. 

Сентябрь 1, 2009 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст