КӮМАК БА БЕНАВОЁН

Сентябрь 8, 2009 12:18

                 Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Ширкати «Индиго Сомонком» ҳамроҳи Шӯрои Уламои вилояти Суғд дар давоми моҳи Рамазон маъракаи хайрияро бо номи «Рамазон-2009» мегузаронад. Дар давоми маърака мизоҷони ширкат ба камбағалону мӯҳтоҷон кӯмак расонда метавонанд.                 Тибқи шарти пешниҳодшуда муштарии ширкат матни кӯтоҳ фиристода ё занг зада ба ивази ин тақвими моҳи рамазонро тӯҳфа мегирад. Ҳар 10 рӯз натиҷаи маърака ҷамъбаст карда мешавад. Маблағи ҷамъшудаи зангҳои телефонӣ ва хабарҳои кӯтоҳ дар байни мӯҳтоҷон тақсим карда мешавад.                Ҷараёни маъракаро комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳайати намояндагони маъмурияти вилоят, Шӯрои фаъолони шаҳри Хуҷанд, Фонди хайрияи президенти ҶТ дар Хуҷанд, Раёсати телевизион ва радиои вилояти Суғд, идораи андози шаҳри Хуҷанд, Шӯрои уламои вилоят ва ширкати «Индиго Сомонком» назорат мекунад.                  Маблағи дар давоми 10 рӯзи аввал ҷамъшуда бо қарори комиссия дар байни 520 нафар маъюб аз шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ширкати «Индиго Сомонком». Худи ширкати «Индиго Сомонком» барои расонидани кӯмак ба мӯҳтоҷон 10 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.

Сентябрь 8, 2009 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд