КӮМАК БА МАКТАБ-ПАРВАРИШГОҲИ №2- НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Сентябрь 1, 2009 09:44

                Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Моҳи шарифи рамазон дар баробари дигар фазилатҳояш аз мардум хайру эҳсон ва саховатпешагиро талаб мекунад. Ин аст, ки мардуми мусулмон дар ин моҳ ба ятиму бечора ва маъюбу дардмандон дасти кӯмак дароз мекунанд. Имрӯз бо ибтикори Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба мактаб-парваришгоҳи №2- ноҳияи Рӯдакӣ, ки чанд сол мешавад сарпарастии онро ба ӯҳда дорад, кӯмаки хайрия расонида шуд.                 Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти бонки мазкур иттилоъ доданд, кӯмаки мазкурро маводи ғизоӣ аз қабили орду равған, биринҷу макарон, гӯшту шакар ва дигар хӯроквориҳо дарбар мегиранд.                  Қобили қайд аст, ки мактаб — парваришгоҳи мазкур аз соли 1997 фаъолият намуда, кӯдакони бепарастори аз падару модар ятимондарро фаро гирифтааст. Шумораи умумии муҳассилини мактаб 260 нафар буда, аз он 43 нафараш ятимони тамоман бекас мебошад.  

Сентябрь 1, 2009 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд