КӮМАК БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Қӯрғонтеппа,16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Кормадони яке аз нашрияҳои қадимтарини вилояти Хатлон- рӯзномаи «Хатлони нав» ба маъюбон кӯмак расонд. Муҳаррири рӯзномаи «Хатлони нав» Наталя Ниёзова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки кормандони нашрия қарор доданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба ҷамъияти маъюбони шаҳр кӯмаки молӣ расонад. Кормандони муассисаи энергетикии шаҳр низ чунин қарор қабул кард. Роҳбари корхонаи «Шабакаҳои барқи ҷануб» Маҳмад Самадов зикр намуд, ки энергетикҳо дар давоми моҳи Рамазон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён кӯмаки хайрия мерасонанд. Бо ин мақсад дар корхона 4 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда шуд. Бо ин маблағ ба бачагон маводи хӯрока харида мешавад. Айни ҳол дар мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён 60 нафар бачагони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат зиндагӣ мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






