КӮМАК БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Сентябрь 16, 2009 15:14

                 Қӯрғонтеппа,16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Кормадони яке аз нашрияҳои қадимтарини вилояти Хатлон- рӯзномаи «Хатлони нав» ба маъюбон кӯмак расонд. Муҳаррири рӯзномаи «Хатлони нав» Наталя Ниёзова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки кормандони нашрия қарор доданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба ҷамъияти маъюбони шаҳр кӯмаки молӣ расонад. Кормандони муассисаи энергетикии шаҳр низ чунин қарор қабул кард.                 Роҳбари корхонаи «Шабакаҳои барқи ҷануб» Маҳмад Самадов зикр намуд, ки энергетикҳо дар давоми моҳи Рамазон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён кӯмаки хайрия мерасонанд. Бо ин мақсад дар корхона 4 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда шуд. Бо ин маблағ ба бачагон маводи хӯрока харида мешавад. Айни ҳол дар мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён 60 нафар бачагони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат зиндагӣ мекунанд.

Сентябрь 16, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид