КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА БЕНАВОЁН

Сентябрь 10, 2009 15:07

                 Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона-интернати маъюбон ва пиронсолони «Батош»-и ноҳияи Турсунзода ба маблағи 1790 сомонӣ кӯмаки башардӯстона расонид. Ин чорабинӣ бахшида ба 18-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар асоси фармони Президенти мамлакат «Дар бораи кӯмак ба маъюбон ва мӯҳтоҷон, ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат, хонаи бачагон ва оилаҳои камбизоат» гузаронида шуд. Кӯмаки башардӯстона аз молҳои рӯзғор, озуқаворӣ ва лампаҳои каммасраф иборат буд.                Аз Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз соли 2001 то инҷониб ба хона-интернати «Батош» агентӣ ба маблағи 48820 сомонӣ кӯмак расонидааст.               Хона- интернати пиронсолони «Батош» соли 1972 кушода шуд ва айни ҳол дар он 147 нафар шахсони маъюб ва бекасу танҳои аз синни 26 то 87 сола зиндагӣ мекунанд.

Сентябрь 10, 2009 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд