КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА БЕНАВОЁН
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона-интернати маъюбон ва пиронсолони «Батош»-и ноҳияи Турсунзода ба маблағи 1790 сомонӣ кӯмаки башардӯстона расонид. Ин чорабинӣ бахшида ба 18-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар асоси фармони Президенти мамлакат «Дар бораи кӯмак ба маъюбон ва мӯҳтоҷон, ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат, хонаи бачагон ва оилаҳои камбизоат» гузаронида шуд. Кӯмаки башардӯстона аз молҳои рӯзғор, озуқаворӣ ва лампаҳои каммасраф иборат буд. Аз Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз соли 2001 то инҷониб ба хона-интернати «Батош» агентӣ ба маблағи 48820 сомонӣ кӯмак расонидааст. Хона- интернати пиронсолони «Батош» соли 1972 кушода шуд ва айни ҳол дар он 147 нафар шахсони маъюб ва бекасу танҳои аз синни 26 то 87 сола зиндагӣ мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






