КӮМАКИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР СЕ СОЛИ ОЯНДА

Сентябрь 22, 2009 10:37

                 Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Киора Бронки, бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ мумкин аст боз 13 моҳи дигар идома ёбад, ки он дар ин муддат метавонад на танҳо ба давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта таъсири манфӣ дошта бошад, балки ба давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ суст инкишофёфта чун Тоҷикистон низ таъсири манфии худро расонад.                   Аз ин ҷиҳат, ба кӯмаки молиявӣ ниёз доштани Тоҷикистонро ба назар гирифта, Бонки Ҷаҳонӣ, ки яке аз ҳадафҳояш паст кардани таъсири манфии бӯҳрони молиявӣ ба Тоҷикистон аст, дар доираи лоиҳаи стратегияи кӯмакҳо ба Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2013 беш аз 60 млн. доллари амрико кӯмак хоҳад кард.                    Боиси тазаккур аст, ки бонки мазкур дар асоси 18 лоиҳа таи солҳои 2003 – 2007 дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 100 млн. доллари амрикоӣ кӯмак намудааст.  

Сентябрь 22, 2009 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд