КӮМАКИ ФОНДИ УМУМИБАШАРӢ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Комиссияи Аврупо аз қарори қабулнамудаи Шӯрои мудирони Фонди умумибашарии мубориза ба муқобили бемориҳои СПИД, сил ва табларза дар бобати расондани кӯмаки иловагӣ ба Тоҷикистон барои се соли оянда изҳори қаноатмандӣ менамояд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки фонди умумибашарӣ қарор додааст, дар давоми се соли оянда ба Тоҷикистон барои табобати бемории сил ба маблағи 87 миллиону 962 ҳазору 78 доллари ИМА кӯмак расонад. Бо ин маблағ ба Тоҷикистон асбобу анҷоми тиббӣ ва дору фиристода хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки Комиссияи Аврупо аъзо ва яке аз муассисони Фонди умумибашарӣ мебошад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






