КӮМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ба Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 93 ҳазор евро таҷҳизоти идорӣ тӯҳфа кард. Аз ҷумла ба Раёсати хизмати давлатӣ компютерҳо, дастгоҳҳои чопи лазерӣ, стабилизаторҳо, дастгоҳҳои таъминоти қувваи барқ, барномаҳои компютерӣ ва ғайра тӯҳфа карда шуд. Таҷҳизоти тӯҳфашуда дар байни ҳамаи шӯъбаҳои минтақавии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ тақсим карда мешавад. Кӯмаки мазкур дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо «Мусоидат ба ислоҳоти хизмати давлатӣ ва идораи самарабахш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расонда шуд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






