КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ ТУРИЗМ

Сентябрь 25, 2009 15:27

                 Душанбе, 25 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 27 сентябр дар тамоми ҷаҳон рӯзи умумиҷаҳонии туризм таҷлил мегардад. Бахшида ба ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳоро баргузор менамояд.                  Тавре аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, 24 сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии туризм баргузор гардид. Дар он намояндагони донишгоҳи мазкур, Кумитаи ҷавонон, олимону донишҷӯён ширкат варзиданд.                Дар асоси нақшаи чорабиниҳо Кумитаи ҷавонон, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногунро аз қабили экскурсия ба ҷойҳои таърихӣ, мизҳои мудаввар, инчунин мусобиқаҳо дар байни ҷавонон баргузор намуда истодааст. 

Сентябрь 25, 2009 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд