КОНФРОНСИ ХУЛОСАВИИ ЛОИҲАИ «ВИЧ-СПИД ВА МУҲОҶИРАТ»
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 29 сентябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Меркурий»-и пойтахт вохӯрӣ-конфронси хулосавӣ аз рӯи натиҷаҳои иҷрои лоиҳаи «ВИЧ-СПИД ва муҳоҷират» баргузор мегардад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ мутахассисони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ширкат хоҳанд варзид. Дар назар аст, ки дар вохӯрӣ-конфронс муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзамҷон Мирзоев иштирок ва баромад мекунад. Бояд қайд кард, ки маблағгузории ин лоиҳа аз тарафи Бонки рушди Осиё амалӣ карда мешавад. Маблағи ин лоиҳа 500 000 доллар буда, мақсади асосии он баланд бардоштани савияи дониши муҳоҷирон аст. Дар рафти амалигардонии лоиҳа ба нуқтаҳои тиббии ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод баъзе таҷҳизоти тиббӣ ва техникӣ харидорӣ шудааст, ки пас аз хотимаёбии лоиҳа барои истифодаи бебозгашт дода хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






