КОРГАРОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ОКРУГИ ФЕДЕРАЛИИ УРАЛ
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Котиби матбуоти намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Дилбар Хоҷаева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки нимаи аввали соли 2009 дар ҳудуди Округи федералии Урал 73 ҳазору 766 шаҳрванди Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Онҳо дар ин ҷо дар соҳаҳои сохтмон, тиҷорат, нақлиёт, коркарди маҳсулот ва муассисаҳои коммуналӣ кор мекунанд. Дар ин ҷо дар ин муддат ба 6 ҳазору 465 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозати буду боши муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия дода шуд. 3 ҳазору 475 шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандии Русияро ба даст овард. Инчунин 30 ҳазору 531 мардикори тоҷик барои кор иҷозатнома гирифт.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






