КУМИТАИ ИМДОД ХУМАЙНӢ БА 10 ҲАЗОР НАФАР ИФТОР ДОД
Душанбе, 18 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар давоми моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон ба 10 ҳазор нафар тарбиятгирандагони хонаи бачаҳо, мактаб-интернатҳо, хонаи калонсолон, маъбон, маҳбусон ва дигар табақаҳои кабизоати аҳолии ҷумҳурӣ маъракаи ифтор ташкил карда шуд. Назар ба иттилои Мудири намояндагии кумитаи мазкур дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ маъракаи ифтор, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон- шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Ваҳдат, Ҳисор ва Нуробод дар мусоидат бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур гузаронида шуд, ки ҳадафи он дасти кӯмак дароз намудан дар моҳи Рамазон ба ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат буд. Ҳамзамон, дар арафаи иди Фитр ба ҳазор нафар тарбиятгирандагони хонаи бачаҳо, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған ва биринҷ кӯмаки якдафаъина расонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






