КУШОДАНИ РОҲИ ҲАВОӢ ОМИЛИ РУШДИ ТАВСЕАИ РОБИТАҲОИ ИҚТИСОД&#1250

Сентябрь 8, 2009 09:18

                 Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи баргузории Форуми иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон 7 сентябр дар бӯстонсарои беруназшаҳрии «Варзоб» мулоқоти доираҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор шуд.Дар мулоқот роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, доираҳои тиҷоратию соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла беш аз 40 соҳибкору намояндагони ширкатҳои бонуфузи Ҳинд иштирок доштанд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамроалиев, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳим Ашӯр, Раиси палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саидов доир ба вазъ ва ҳолату имкнониятҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзалиятҳои он ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам буда, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон барои татбиқи ҷараёни лоиҳаҳои сармоягузорӣ кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад.                 Мубодилаи мол байни ҳар ду давлат дар 7 моҳи соли равон 30 миллион доллари америкоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 % афзудааст. Дар ҷараёни мулоқот соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар бахши гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ, туризм, дорусозӣ ва дигар соҳаҳоро муҳокима намуда, пешниҳодҳои ҷолиб ва мушаххас баён намуданд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки набудани роҳи ҳавоӣ барои ривоҷи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон монеъа эҷод кардааст. Аз ин рӯ, тарафҳо кушодани роҳи ҳавоиро яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии ҳар ду давлат арзёбӣ карданд.                 Дар форуми иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон масъалаҳои таҳияи барномаҳоеро ба миён гузоштанд, ки барои амалӣ намудани барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон доир ба коҳиш додани шиддати бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ равона карда шудааст.                 Бояд зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории Форуми иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ҳар ду кишвар буда, он қадами устуворе хоҳад гардид дар тақвияти минбаъдаи робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон.

Сентябрь 8, 2009 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид