Л. БАХТИЁР: «РИСОЛАТИ МО ҒАНӢ ГАРДОНИДАНИ БУҶЕТ АСТ»

Сентябрь 30, 2009 14:36

                 Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Яке аз омилҳои асосии ғанӣ гардонидани буҷети кишвар ва беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа саривақт ҷамъоварӣ намудани андоз аст. Дар ин самт аз ҷониби Раёсати андози шаҳри Душанбе кадом тадбирҳои саривақтӣ ва мушаххас андешида мешаванд? Ба ин ва дигар саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори Раёсати андози шаҳри Душанбе Бахтиёр Лақаев чунин посух гуфт:                — Дар 8-моҳи соли ҷорӣ ҷамъоварии андоз, яъне воридоти андозҳо ба буҷаи шаҳрӣ 119 % иҷро шудааст, ки он 193290361 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, андози даромад аз шахсони воқеӣ 97 %, андози иҷтимоӣ 96 %, андози замин 98%, андозҳои маҳаллӣ 105 %, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт 104 % , андози фурӯши чакана бошад 107 % иҷро шудааст.                  Ҷиҳати саривақт ҷамъоварӣ намудани андоз бо андозсупорандагон- корхонаю муассисаҳо, сокинони маҳаллаҳо оиди ҳуқуқу озодиҳои андозсупорандагон ҳар сари вақт корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда мешаванд.                    Чанд намуди андоз дар шаҳр ҷамъоварӣ карда мешавад?                 15 намуди сарчашмаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ вуҷуд дошта, дар пойтахт ба ғайр аз андози ягона барои истеҳсолкунандагони бахши кишоварзӣ, дигар ҳамаи сарчашмаҳо ҷамъоварӣ карда мешаванд.                   Кадом захираю сарчашмаҳои ҷамъоварии андоз вуҷуд доранд?                  Яке аз омилҳои асосии ғанӣ гардонидани буҷа ва ҷамъоварии андоз ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо, фаъолияти соҳибкорӣ, сохтмони иншооти гуногун, афзоиши теъдоди коргарон, фаъолияти корхонаҳо, ба роҳ мондани истеҳсолот, инчунин азнавсозӣ ва ба роҳ мондани таҷҳизот ва технологияи муосир хулас пешрафту рушди иқтисод аст. Бояд як нуктаро зикр кард, ки бо назардошти гузариш ба давраи бозаргонӣ, имрӯз бештари корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншотҳо ғайридавлатӣ гардонида шудааст, яъне ба шахсони ҳуқуқию воқеъӣ фурӯхта шудааст ва аксари онҳо дуруст фаъолият надоранд ва буҷаи давлат фоида намерасонанд. Аз ин, рӯ хуб мешуд, ки Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ин масъаларо зери назорат қарор диҳанд. То корхонаю муассисаҳо бо иқтидори пуррашон фаъолият намоянд ва ба буҷаи шаҳр ва кишвар фоида биёранд. Бахусус он корхонаҳои саноатие, ки дар шаҳр қарор доранд.                 Сабабҳои саривақт напардохтани андоз аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқию воқеиро дар чӣ мебинед?                 Хунукназарона рафтор намудани роҳбарони баъзе корхонаю муассисаҳо ба ин масъала, пинҳон намудани манбаи даромади худ аз ҷониби масъулини корхонаю ташкилотҳо ва дигар ширкатҳо, саривақт пешниҳод накардани ҳисоботҳо ба мақомоти андоз оид ба вазъи ҷамъоварии андоз сабабҳои асосии саривақт напардохтани андоз мебошанд, ки нисбати ин гуна шахсон чораҳои пешбининамудаи маъмурӣ андешида мешаванд.                  Оё вазъи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба фаъолияти андозғундорандагон, яъне дар соҳае, ки Шумо роҳбарӣ мекунед таъсир расонидааст?                  Албатта, бӯҳрони молиявӣ дар тамоми соҳаҳо таъсири худро расонидааст. Аз ҷумла, дар бахши ҷамъоварии андоз низ.                   Кадом механизми нав ҷиҳати ҷамъоварии андоз дар оянда ба роҳ монда мешавад?                  Дар оянда дар назар аст, ки ҷиҳати шаффофияти системаи андозғундорӣ компютеркунонӣ дар бахши ҷамъоварии андоз ба роҳ монда мешавад.                  Ҷиҳати хоста гирифтан ва ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳо ва мутахассисон аз кадом механизм истифода бурда мешавад?                  Нозирони андоз ва дигар мутахассисоне, ки дар соҳаи андоз ба фаъолият шурӯъ мекунанд дар асоси озмун, ки дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, ба қор қабул мегарданд. Алҳол дар Раёсати андози шаҳри Душанбе беш аз 280 нафар нозирону мутахассисон кору фаъолият менамоянд.                  Кадом табақаҳои аҳолӣ аз супоридани кадом навъи андоз озоданд?                 Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни ҳодисаҳои Чернобил, ҷанговарони интернатсионалист, аз ҷумла, ҷанги Афғонистон ва маъюбони дараҷаи якум аз андозҳои маҳаллӣ (андози ғайриманқул, аз шахсони воқеӣ, замин, соҳибони воситаҳои нақлиёт) озоданд.                  Бахтиёр Бобоҷонович, то ҷое мусаллам аст яке аз рукнҳои андоз имтиёз аст. Бигӯед, ки кадом имтиёзҳо дар андозбандӣ пешбинӣ шудааст?                Бояд зикр кард, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бахусус соҳибкорони ватанӣ, ки ба сохтмони иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ машғул мешаванд аз супоридани андозҳои маҳаллӣ- андозҳо аз амволи ғайриманқул, фурӯши чакана ва соҳибони воситаҳои нақлиёт озод карда шудаанд. Инчунин, меъёри андози даромад ба ҷои 10-20 % -и қаблӣ ба андозаи 8-13 % муайян карда шудааст. Меъёри андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ аз 25 % пешин ба 8, 15 ва 25 % вобаста ба фоидаи ба дастовардаи шахсони ҳуқуқӣ кам карда шудааст. Андоз аз фурӯши чакана аз 3 то 5 % кам карда шуд. Корхонаҳое, ки дар бахши истеҳсоли молҳо фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, дар соли бақайдгирии давлатӣ ва аз соле, ки бақайдгирии ибтидоии давлатӣ фаро мерасад, аснои аз ҷониби муассиси онҳо бо назардошти ҳаҷмҳои ҳадди ақали сармоягузорӣ, ки қонунгузорӣ муайян кардаст ба фонди оинномавӣ, аз андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ аз 2 то 5 сол озод мебошанд.              -Раёсати андози шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини нуқтаҳои савдою хизматрасонии шаҳр бо мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ кадом корҳоро ба сомон расонидааст?                 Бояд гуфт, ки дар ин самт Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи истифодабарии мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ ҳангоми ҳисобу китоби пули нақдӣ бо аҳолӣ дар шаҳри Душанбе» аз соли 1998 ба тасвиб расидааст, корҳои шоён ба анҷом расонида шуд. Танҳо дар 8-моҳи соли 2009 дар нуқтаҳои савдою хизматрасонии шаҳр 285 адад мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ гузошта шуд. Дар маҷмӯъ бошад теъдоди онҳо ба 5 623 адад мерасанд. Аз ҷумла, дар дар ноҳияҳои Шоҳмансур 1547 адад, Исмоили Сомонӣ 1093 адад, Фирдавсӣ 2012 адад ва ноҳияи Сино 943 адад мошинаҳои назоратӣ -хазинавӣ фаъолият доранд.               Дар 8 моҳи соли равон барои надодани чипта ва истифода накардан аз мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ 389 соҳибкор ба маблағи 92 795 сомонӣ ҷарима баста шуд, ки ин маблағ пурра ба буҷет ворид карда шуд.                 Нисбати ин масъала ҳамчунин бо соҳибкорон доир ба мунтазам истифодабарии мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунии нақдӣ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.                 Кадом сабабҳо боиси пурра дар амал татбиқ нагардидани Қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати истифодабарии мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ гардидааст?                Яке аз сабабҳои ба таври зарурӣ ҷорӣ нашудани мошинаҳои назорати -хазинавӣ дар 8 моҳи соли равон кам ва бо нархи гарон ворид шудани ин мошинаҳо аз тарафи ягона корхонаи таъминкунандаи мошинаҳои назоратӣ -хазинавӣ «Марказ» мебошад.                Боз кадом корхонаю ширкатҳо ба ворид кардани мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ машғуланд?                 То 1 январи соли 2008 ба ворид ва фурӯши мошинаҳои назоратӣ -хазинавӣ якчанд корхонаҳои таъминкунанда, аз қабили «Марказ», «Контракт» , «Интерсервис» ва «Ёқут-2000» -ӯм машғул буданд. Тибқи маълумоти МХТ «Марказ» айни замон дар анбори корхонаи мазкур 6 адад мошинаи назоратӣ-хазинавии тамғаи «Меркурий» барои нақлиёти мусоифркаш ва 170 адад мошинаҳои назорати хазинавии «Микро» бо нархи гарони 675 сомонӣ барои нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ дар фурӯш гузошта шудааст.                 Яке аз сабаби асосии иҷро нашудани банди 6-и қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи танзим ва таъмини ҳаракати бехатарии нақлиёти автомобили мусофиркаш дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумии шаҳри Душанбе» имконияти харидории мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ надоштани корхонаҳои нақлиётии мусофиркаши шаҳр аст. Дар ин масъала Раёсати андози шаҳр баҳри иҷрои қарори мазкур ба унвонии сардорони корхонаю ташкилотҳои мусофиркаш ҷиҳати харидан ва истифодаи мошинаҳои назоратӣ -хазинавӣ дархост фиристонида, бо роҳбарони ин корхонаҳо ҳамчунин вохӯрию семинар гузаронида шуд. Зеро истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ аҳамияти стратегӣ-иқтисодӣ дорад. Бо истифодаи ин мошинҳо ба таври реалӣ манбаи андозбандишавандаи гардиши мол ва хизматрасониҳо муайян карда мешаванд. Аз ин рӯ, бояд истеҳсоли ин намудаи мошинҳо дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ коргоҳҳои таъмири онҳо ташкил карда шаванд.                Инчунин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, марказҳои савдо ва бозорҳои пойтахт новобаста аз шакли моликияташон бояд ҳангоми бастани шартномаи иҷораи амвол бо соҳибкорон ва ё додани роҳхати сайр ба ронандагони нақлиёти мусофиркаш нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва нақлиёти мусофиркашро бо мошинаҳои назоратӣ -хазинавӣ таъмин намоянд.

Сентябрь 30, 2009 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид
Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти «сабз» дар шароити саноатикунонӣ баррасӣ карда шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодиринг аз витаминҳои C ва K, минералҳои калий, магний ва антиоксидантҳо бой мебошад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
ПИРЯХҲО ВА ОЯНДАИ САЙЁРА. Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, панҷшанбе, 128-умин рӯзи соли 2025 аст
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид