МАҶЛИСИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ КӮЛОБ
Кӯлоб, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар толори прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб маҷлиси шӯрои ҳамоҳангсозии қисмҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои низомии гарнизони Кӯлоб баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои ҷамбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои низомӣ дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, оғози даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ гардиданд. Зимнан дар бораи ӯҳдадории умумӣ ва хизмати ҳарбӣ, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009 дар бораи ба эҳтиёт, рухсат иҷозат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо кардаанд ва даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1982-1991 ба хизмати ҳарбӣ ва аз ҷониби муфаттиши прокуратураи мазкур лейтинанти адлия Зарипов Ашӯрмад мавзӯи "Таҷрибаи тафтишоти — судии ҷиноятҳои сӯистеъмолии мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизмати баромадан, ва дигар сохторҳои низомии ҳудуди гарнизони Кӯлоб» маърӯза карда муайян гардид, ки бар асари фаъолияти ҳамарӯза ва пурзӯри ташвиқотию тарғиботии кормандони прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб бобати фаҳмондаҳии талаботи қонунгузории низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои низомӣ нисбати соли 2008 ҷинояткорӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ аз ҷониби шахсони мансабдори қисмҳои низомӣ 50 фоиз кам гардида, содиршавии ин қабил ҷиноятҳо аз ҷониби шахсони мансабдори комиссияҳои даъвати ҳудуди гарнизон 30 фоиз зиёд шудааст. Аммо хушбахтона ин ҷиноятҳо сари вақт аз ҷониби кормандони прокуратураи ҳарбии горнизони Кӯлоб ошкор карда шуда, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷинояти кашида шуданд" Дар анҷоми маҷлис раёсати прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб бори дигар ҳозиринро ба хизмати софдилона ва иҷрои вазифаҳояшон ҳидоят намуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






