МАШВАРАТ ДАР МАВЗӮИ МУҲИМ
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх 2 сентябр дар Қӯрғонтеппа дар масъалаи баррасии лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар» машварат баргузор сохт. Дар машварат роҳбарону намояндагони филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Қӯрғонтеппа, намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, БДА, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат ва дигарон ширкат варзиданд. Дар машварат ба ҷамъомадагон дар бораи фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, аз ҷумла, дар бораи амалӣ сохтани барномаҳои тиббию иҷтимоӣ ва вокуниши саривақӣ ба ҳодисаю воқеаҳои ғайричашмдошт маълумоти муфассал дода шуд. Корманди Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх Мурод Солеҳов зикр намуд, ки барои беиҷозат истифода бурдани нишонҳои рамзии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ҷаримаи калон ситонида ва ҳатто гунаҳкорон мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.








Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд






