МАШВАРАТ ДАР МАВЗӮИ МУҲИМ

Сентябрь 4, 2009 10:11

                Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх 2 сентябр дар Қӯрғонтеппа дар масъалаи баррасии лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар» машварат баргузор сохт.                 Дар машварат роҳбарону намояндагони филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Қӯрғонтеппа, намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, БДА, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат ва дигарон ширкат варзиданд. Дар машварат ба ҷамъомадагон дар бораи фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, аз ҷумла, дар бораи амалӣ сохтани барномаҳои тиббию иҷтимоӣ ва вокуниши саривақӣ ба ҳодисаю воқеаҳои ғайричашмдошт маълумоти муфассал дода шуд.                Корманди Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх Мурод Солеҳов зикр намуд, ки барои беиҷозат истифода бурдани нишонҳои рамзии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ҷаримаи калон ситонида ва ҳатто гунаҳкорон мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Сентябрь 4, 2009 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд