МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА БЕЛОРУС ФИРИСТОНИДА МЕШАВАНД

Сентябрь 17, 2009 12:44

                Душанбе, 17 сентябр. (НИАТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 487 ҳазору 703 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор ба хориҷи кишвар сафар намуданд, ки аз онҳо тариқи субъектҳои хоҷагидори дорои иҷозатнома барои фаъолияти бокортаъминкунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар 10 ҳазору 717 нафар дар Федератсияи Русия ва ИМА бо кор таъмин карда шуданд. Аз шумораи зикргардида 9 ҳазору 911 нафарашон мардон ва 806 нафарашон занон мебошанд.                  Дар ҳудуди Федератсияи Русия 405 ҳазору 600 нафар муҳоҷирони меҳнатии ҶТ дар Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ба қайд гирифта шуда, ба 23 ҳазору 200 нафар иҷозатнома барои зиндагии муваққатӣ ва ба 107 нафар иҷозати истиқомати доимӣ дар қаламрави Федератсияи Русия дода шудааст.                    Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ бори аввал бо мусоидати Хадамоти муҳоҷирати ВКД кишвар байни ҶДММ «Строительный трест №13»-и Ҷумҳурии Белорус ва КВ «Биржаи меҳнати ҷавонон» шартномаи ҳамкорӣ баста шуд, ки дар заминаи он 9 нафар мутахассисони хиштчини тоҷик муташаккилона барои кор ба корхонаи мазкур равон карда шуданд. 

Сентябрь 17, 2009 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд