МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ПЕШГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ҚОЧОҚЧИЁН

Сентябрь 24, 2009 14:44

                 Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Рӯзҳои 23 – 24 сентябр дар Душанбе маҷлиси 8 – уми роҳбарони бунгоҳҳои миллии алоқаи муассисаҳои гумруки мамлакатҳои аъзои Бунгоҳи минтақавии алоқаи Созмони ҷаҳонии гумрук «RILO – Маскав» баргузор гардид. Дар он роҳбарони бунгоҳҳои миллии алоқаи муассисаҳои гумруки Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, намояндаи Раёсати марказии гумруки Украина, Созмони ҷаҳонии гумрук, мамлакатҳои Аврупо, Маркази миллии озони Тоҷикистон, Маркази зиддитеррористии ИДМ, Дафтари ҳамоҳанг сохтани мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккилона ва навъҳои дигари ҷинояти хавфнок дар ИДМ ширкат варзиданд.                  Маҷлисро директори Созмони ҷаҳонии гумруки «RILO – Маскав» кушод. Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Абдумӯъмин Муродов иштирокчиёни маҷлисро хайра мақдам гуфт. Дар маҷлис проблемаҳои ҷории ҳамкории бунгоҳҳои алоқаи миллии мамлакатҳо ва роҳҳои беҳтар сохтани мубодилаи маълумот дар доираи истифодаи шабакаи ҳифзи қонун муҳокима карда, баъзе тадбирҳои пешгирикунандаи муборизаро ба муқобили қочоқи маводи нашъадор, тамокую сигарет, аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маҳсулоти пастсифат ва қочоқи пулро мавриди баррасӣ қарор доданд.                   Намояндагони созмонҳои хориҷӣ ба фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши гайриқонунии маводи нашъадор баҳои баланд доданд.

Сентябрь 24, 2009 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд