МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАИ ТАҒЙИР ЁФТАНИ ИҚЛИМ ДАР НЮ – ЙОРК

Сентябрь 22, 2009 12:01

                  Ню – Йорк, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Президенти Ҷумҳурии Ттоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти роҳбарону намояндагони мамлакатҳои ҷаҳон бахшида ба проблемаи тағйир ёфтани иқлим иштирок менамояд, ки имрӯз дар қароргоҳи марказии СММ дар Ню – Йорк кушода мешавад.                  Мудоқоти мазкур бо ташаббуси Муншии умумии СММ Пан Ги Мун даъват карда шудааст.                  Ҳадафи мулоқот сафарбар намудани ҷидду ҷаҳди тамоми мамлакатҳои ҷаҳон барои таҳияи ҳуҷҷати ниҳоии конфронси СММ бахшида ба проблемаи тағйир ёфтани иқлим мебошад.                   Дар мулоқот проблемаҳои марбут ба тағйир ёфтани иқлим муҳокима карда, мавқеи мамлакатҳои гуногун ба инобат гирифта, принсипҳои асосии ҳалли онҳо муқаррар хоҳад шуд. Дар фарҷоми мулоқот изҳороти хотимавӣ имзо карда мешавад.                   Дар ҷараёни мулоқот мизҳои мудаввар ташкил карда хоҳанд шуд. Роҳбари ҳар давлат дар яке аз мизҳои мудаввар ширкат варзида, мавқеи худро оид ба ин ё он проблема иброз медорад. 

Сентябрь 22, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд