МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ БЕМОРИИ А/H1N1
Маскав, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). – Аз рӯи маълумоти омор, то 22 сентябри соли 2009 дар мамлакатҳои Аврупо бештар аз 52 ҳазор бемори А/H1N1 ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумлаи онҳо 157 нафар вафот кардааст. Ёдовар мешавем, ки изҳороти директори Пажӯҳишгоҳи микробшиносии ба номи Ивановскии Русия, академик Дмитрий Лвов дар бораи вафот кардани як нафар зани гирифтори бемории А/H1N1 сабаби баҳсу мунозираҳои шадид гардид. Д.Лвов дар яке аз барномаҳои телевизионӣ зикр кард, ки бемори мазкурро як рӯз пеш муоина кардаанд ва ӯ рӯзи дигар вафот кард. Кӯшишҳои духтурон барои наҷот додани бемор натиҷаи дилхоҳ надоданд. Вале Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Русия хабарҳоро дар бораи аз бемории А/H1N1 вафот кардани бемори мазкур рад намуд. Ба қавли намояндаи вазорат, зани вафоткарда гирифтори чандин бемориҳои дигари вазнин будааст. Ӯ 3 августи соли равон аз сафари Булғористон баргашта, баъди чанд рӯз ба шифохона фиристода шуд. Бемор 19 август дар шӯъбаи эҳёи шифохона вафот кард. Муовини вазири тандурустии Русия В.Сквортсова зикр кард, ки ҳамаи одамони бо зани бемор дар тамосбуда аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд. Ба қавли ӯ ба бемории А/H1N1 гирифтор шудани зани вафоткарда то ҳол исбот нашудааст. Қайд карда шуд, ки то имрӯз дар қаламрави Русия 381 бемори А/H1N1 ба қайд гирифта шудааст. Дар байни онҳо то имрӯз касе вафот нак ардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






