МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ БЕМОРИИ А/H1N1

Сентябрь 24, 2009 10:16

                 Маскав, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). – Аз рӯи маълумоти омор, то 22 сентябри соли 2009 дар мамлакатҳои Аврупо бештар аз 52 ҳазор бемори А/H1N1 ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумлаи онҳо 157 нафар вафот кардааст.                 Ёдовар мешавем, ки изҳороти директори Пажӯҳишгоҳи микробшиносии ба номи Ивановскии Русия, академик Дмитрий Лвов дар бораи вафот кардани як нафар зани гирифтори бемории А/H1N1 сабаби баҳсу мунозираҳои шадид гардид. Д.Лвов дар яке аз барномаҳои телевизионӣ зикр кард, ки бемори мазкурро як рӯз пеш муоина кардаанд ва ӯ рӯзи дигар вафот кард. Кӯшишҳои духтурон барои наҷот додани бемор натиҷаи дилхоҳ надоданд.                  Вале Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Русия хабарҳоро дар бораи аз бемории А/H1N1 вафот кардани бемори мазкур рад намуд. Ба қавли намояндаи вазорат, зани вафоткарда гирифтори чандин бемориҳои дигари вазнин будааст. Ӯ 3 августи соли равон аз сафари Булғористон баргашта, баъди чанд рӯз ба шифохона фиристода шуд. Бемор 19 август дар шӯъбаи эҳёи шифохона вафот кард.                 Муовини вазири тандурустии Русия В.Сквортсова зикр кард, ки ҳамаи одамони бо зани бемор дар тамосбуда аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд. Ба қавли ӯ ба бемории А/H1N1 гирифтор шудани зани вафоткарда то ҳол исбот нашудааст.                 Қайд карда шуд, ки то имрӯз дар қаламрави Русия 381 бемори А/H1N1 ба қайд гирифта шудааст. Дар байни онҳо то имрӯз касе вафот нак ардааст.

Сентябрь 24, 2009 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд