МУЛОҚОТИ 1У ЗИЁИЁНИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДКОРИ ИДМ КУШОДА ШУД

Сентябрь 24, 2009 11:59

                 Кишинёв, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Молдавия — шаҳри Кишинёв мулоқоти 1У – уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори мамлакатҳои ИДМ кушода шуд. Дирӯз ба ин муносибат бо кӯмаки Фонди байнидавлатии ҳамкории фарҳангии давлатҳои ИДМ силсилаи тадбирҳои дорои хусусияти фарҳангию гуманитарӣ баргузор гардиданд.                   Хабар дода мешавад, ки дар мулоқоти мазкур бештар аз 400 нафар иштирок хоҳад кард.                   Дирӯз, аз ҷумла, дар Академияи илмҳои Молдавия маҷлиси умумии Шӯрои Иттиҳодияи байналхалқии академияҳои илмии ИДМ баргузор гардид. Дар он раиси иттиҳодия, раиси Академияи илмҳои Украина, узви ифтихории Академияи илмҳои Молдавия, академик Борис Патон дар мавзӯи «Рушди илми муосир ва нақши он дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ» маърӯза кард. Дар муҳокимаи маърӯза намояндагони академияҳои илмии мамлакатҳои ИДМ, аз ҷумла, муовини раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Хуршед Ҳилолов иштирок намуданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дирӯз ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири маорифи мамлакат, узви раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ Абдуҷаббор Раҳмонов барои иштирок дар мулоқоти мазкур ба Молдавия омад. Ба ҳайат муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Фароғат Азизова, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Кабирҷон Ҷӯраев, шоира Г.Тоҳирова, дотсенти факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наимҷон Азимов, муовини директори Осорхонаи миллии ба номи К.Беҳзод Зафар Иброҳимов ва дигарон шомиланд. 

Сентябрь 24, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд