МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ДОКТОР МАНСУР

Сентябрь 28, 2009 08:12

                  Рӯзи 26- уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бозгашт аз шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Мушовири давлатии Подшоҳи Арабистони Саудӣ доктор Мансурро ба ҳузур пазируфт.                  Доктор Мансур салому паёми самимии Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз оли Саудро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, омодагӣ ва ҳавасмандии роҳбарияти давлати худро ба таҳкиму густариши равобити судманд бо Тоҷикистон таъкид намуд.                  Зимни вохӯрӣ оид ба ҷанабаҳои гуногуни робитаҳои дуҷониба ва муносибатҳои ду кишвар дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, хусусан дар олами ислом ва минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт.                   Таъкид гардид, ки Арабистони Саудӣ ба ҳайси яке аз бузургтарин давлатҳои исломӣ бояд дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва таҳаввулоту хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир давлатҳои рӯ инкишофи мусулмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро мавриди кӯмаку дастгирии бештар қарор диҳад.                  Ин мулоқот қадами намоёни навбатӣ дар роҳи густариши минбаъдаи муносиботи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ арзёбӣ гардид.

Сентябрь 28, 2009 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд