МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РИЧАРД ХОЛБРУК

Сентябрь 24, 2009 08:53

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид Намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон Ричард Холбрукро ба ҳузур пазируфт.                 Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико оид ба Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.                 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон «таҳкими пояҳои иҷтимоии ҳукумати кишвар ва эҳтироми манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳо ва ҷунбишҳои сиёсии он бисёр муҳим аст».                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз шиддат гирифтани вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон ва афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ин кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки «дар Афғонистон бояд артиш ва хусусан полиси воқеан қобили амал ташкил ёбад, то тадриҷан тавонанд масъулияти амнияти кишварро ба ӯҳдаи худ бигиранд».                   «Ҳамчунин ба эҳёи иқтисодии кишвар бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуд, то мардуми Афғонистон ба рӯзгори ободи беҷанг ва бидуни маводи мухаддир боварӣ пайдо намоянд», афзуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва изҳор дошт, ки «Тоҷикистон омода аст чун кишвари ҳаммарз ва ҳамзабони мардуми Афғонистон дар барқарорсозии иқтисодиёти он саҳми намоёни худро гузорад».                   Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Сентябрь 24, 2009 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад