МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РИЧАРД ХОЛБРУК
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид Намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон Ричард Холбрукро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико оид ба Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон «таҳкими пояҳои иҷтимоии ҳукумати кишвар ва эҳтироми манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳо ва ҷунбишҳои сиёсии он бисёр муҳим аст». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз шиддат гирифтани вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон ва афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ин кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки «дар Афғонистон бояд артиш ва хусусан полиси воқеан қобили амал ташкил ёбад, то тадриҷан тавонанд масъулияти амнияти кишварро ба ӯҳдаи худ бигиранд». «Ҳамчунин ба эҳёи иқтисодии кишвар бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуд, то мардуми Афғонистон ба рӯзгори ободи беҷанг ва бидуни маводи мухаддир боварӣ пайдо намоянд», афзуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва изҳор дошт, ки «Тоҷикистон омода аст чун кишвари ҳаммарз ва ҳамзабони мардуми Афғонистон дар барқарорсозии иқтисодиёти он саҳми намоёни худро гузорад». Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






