МУРОҶИАТИ ТЕРРОРИСТИ № 1
Париж, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру). — Роҳбари созмони террористии «Алқаёда» Усома ибни Лодан дафъаи навбатӣ ба сокинони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муроҷиат намуд. Матни муроҷиати ӯ дар навори аудио сабт карда, ба воситаи ширкати телевизионии «Ашшаҳоб» шунавонида шуд. Дар ҷараёни пахши навор аксҳои Усома ибни Лодан намоиш дода шуданд. Алҳол дар бораи мазмуни муроҷиати террористи №1 чизе гуфта намешавад. Муроҷиати мазкур баъди чанд рӯзи солгарди навбатии амалиёти террористӣ дар ИМА пахш карда шуд. Сухангӯи ширкати телевизионӣ зикр намуд, ки ибни Лодан солҳои охир чун анъана дар давоми моҳҳои сентябру октябр чунин муроҷиатҳо пахш мекунад. Муроҷиати охирини ӯ 3 июн пахш карда шуда буд. Усома ибни Лодан дар он кӯшишҳои президенти ИМА Барак Обамаро дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона бо мамлакатҳои исломӣ масхара мекунад. Вай изҳор намуд, ки муноқиша ва муборизаи Шарқу Ғарб чандин даҳсолаҳо боз давом дорад ва минбаъд низ давом хоҳад кард.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






