МУСОБИҚАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАРОИ ПОСИ ХОТИРИ С.РАҲИМОВ
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар Қасри варзиши «Самандар – 21» — и шаҳри Турсунзода аз 3 то 5 октябр барои поси хотири Қаҳрамони варзиши ҷаҳон Саидмӯъмин Раҳимов мусобиқаи байналхалқии самбо баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони зӯртарини мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Саидмӯъмин Раҳимов 12 феврали соли 2009 дар синни 62 — солагӣ вафот кард. Ӯ варзишгари бузурги шӯравӣ ва тоҷик ба шумор меравад. С.Раҳимов соли 1975 дар шаҳри Минск дар мусобиқаи байналхалқии самбочиён ширкат варзида, дар вазни 100 кг қаҳрамони варзиши ҷаҳон гардида буд. Ӯ ҳамчунин ду карат қаҳрамони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Саидмӯъмин Раҳимов аз соли 1995 то соли 2004 ба Кумитаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии назди Ҳукумати Тоҷикистон роҳбарӣ кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






