МУТАХАССИСОНИ ТОҶИК БА АМРИКО МЕРАВАНД
Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Гурӯҳи мутахассисони тоҷик, ки аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хифзи ҳуқуқи кӯдак, энергетика, захираҳои обӣ ва васоити ахбори омма иборат аст, 1 октябр ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мераванд. Мутахассиони тоҷик дар доираи Барномаи «Ҷаҳони кушода», ки аз сӯи китобхонаи Конгресси Амрико маблағгузорӣ мегардад, ба ин кишвар сафар мекунанд. Онҳо муддати ду ҳафта, то 12 октябр бо ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Амрико шинос мегарданд. Назар ба иттилои ҳамоҳангсози Барномаи «Ҷаҳони кушода» дар Тоҷикистон Анора Акбарова, ҳадаф аз сафари мутахассисони тоҷик ба Амрико омӯзиши ҳаёти ин кишвар ва табодули таҷриба бо ҳамтоёни амрикоии худ, мебошад. Қабл аз сафари гурӯҳи мутахассисони тоҷик ба Амрико 30 сентябр дар Душанбе вохӯрии мутахассисони тоҷик бо муттасадиёни Барномаи мазкур – Атташеи фарҳангии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Маккензи Милановски, директори Шӯрои америкоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ Матлуба Раҳмонова баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба Барномаи «Ҷаҳони кушода» баррасӣ гардиданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






