МУТАХАССИСОНИ ТОҶИК БА АМРИКО МЕРАВАНД

Сентябрь 30, 2009 15:23

                  Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Гурӯҳи мутахассисони тоҷик, ки аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хифзи ҳуқуқи кӯдак, энергетика, захираҳои обӣ ва васоити ахбори омма иборат аст, 1 октябр ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мераванд.                   Мутахассиони тоҷик дар доираи Барномаи «Ҷаҳони кушода», ки аз сӯи китобхонаи Конгресси Амрико маблағгузорӣ мегардад, ба ин кишвар сафар мекунанд. Онҳо муддати ду ҳафта, то 12 октябр бо ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Амрико шинос мегарданд. Назар ба иттилои ҳамоҳангсози Барномаи «Ҷаҳони кушода» дар Тоҷикистон Анора Акбарова, ҳадаф аз сафари мутахассисони тоҷик ба Амрико омӯзиши ҳаёти ин кишвар ва табодули таҷриба бо ҳамтоёни амрикоии худ, мебошад.                   Қабл аз сафари гурӯҳи мутахассисони тоҷик ба Амрико 30 сентябр дар Душанбе вохӯрии мутахассисони тоҷик бо муттасадиёни Барномаи мазкур – Атташеи фарҳангии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Маккензи Милановски, директори Шӯрои америкоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ Матлуба Раҳмонова баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба Барномаи «Ҷаҳони кушода» баррасӣ гардиданд.  

Сентябрь 30, 2009 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид