НАХУСТИН НАМОИШГОҲИ ҚОЛИНҲОИ ДАСТБОФИ ЭРОНӢ
Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нахустин намоишгоҳи қолинҳои дастбофи эронӣ 10 сентябр дар толори меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ташкил карда мешавад. Ин чорабинӣ бо ибтикори Созмони бозаргонии устони Озарбойҷони Шарқии Эрон созмон дода мешавад. Назар ба иттилои мудири баргузории намоишгоҳ Тавҳид Халилванд, дар намоишгоҳ ҳудуди сад намуд қолинҳои дастбоф, ки аз муйина ва абрешим бофта шудаанд ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд. Ҳадафи намоишгоҳ муаррифии қолинҳои дастбофи эронӣ ва эҳёи ҳунари колинбофӣ дар кишварҳои минтақа аст. Тавҳид Халилванд иброз дошт, ки қаблан дар Афғонистон намоишгоҳи қолинҳои дастбофи эрониро ташкил карда буданд. Намоишгоҳ муддати 6 рӯз идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






