НАМОЯНДАИ НАВИ АГЕНТИИ РУШДИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИМА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Сентябрь 4, 2009 15:52

               Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). – Агентии рушди байналхалқии ИМА Эндрю Сиссонро намояндаи нави минтақавии худ дар Осиёи Марказӣ таъин намуд. Мавсуф 31 август ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ кард.                Эндрю Сиссон мутахассиси калони хизмати дипломатии ИМА буда, ба дараҷаи олии хизмати дипломатӣ — дараҷаи мушовир соҳиб гардидааст. Ӯ моҳи июни соли 2009 давраи хизмати дусоларо дар Коллеҷи миллии ҳарбӣ ба охир расонд. Э.Сиссон дар коллеҷ аз фанни стратегияи амнияти миллӣ даст медод.                Қабл аз ин вай ҳамоҳангсози калони тадбирҳои башардӯстонаи ИМА дар мамлакатҳои Африқо шуда кор кардааст.                Э.Сиссон аз соли 2002 то соли 2006 директори намояндагии минтақавии Агентии рушди байналхалқии ИМА дар Африқои Шарқӣ буд. Ӯ дар ин ҷо ба барномаҳои расондани кӯмак ба аҳолии Судон, Сомали, Бурунди, Ҷибути ва мамлакатҳои дигар роҳбарӣ мекард. Сиссон инчунин дар Ҳиндустон, Сомали, Руанда, Гана, Малави ва Вашингтон дар вазифаҳои гунони дипломатӣ кор кардааст. Ӯ дорои унвони илмии бакалавр ва доктори илм буда, масъалаҳои иқтисодию сиёсӣ, тармиму таҷдид ва таъмини вазъияти босуботро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.              Агентии рушди байналхалқии ИМА айни ҳол дар бештар аз сад мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла, дар ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ намояндагӣ дорад. Ҳадафи фаъолияти он мусоидат ба рушди иқтисодиёти мамлакатҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва маориф, инчунин рушди демократия мебошад.

Сентябрь 4, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд