НАМОЗИ ИДИ САИДИ ФИТР КАЙ ОҒОЗ МЕЁБАД?
Душанбе, 17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Маросими гузаронидани намози иди саиди Фитр дар тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон 21 сентябр соати 7-20 дақиқаи субҳ шурӯъ мегардад», — гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Маъруфуллоҳ Раҳимов. Дар робита, ба тамоми имохатибон супориш дода шудааст, ки масҷидҳои ҷомеъро ба намози Иди Фитр омода сохта, моҳияти додани садақаи фитрро фаҳмонанд. Мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ ҳар мусулмон шукронаи қабули ибодати рӯзаи худро бояд бо гандум, ҷав, хурмо ва мавиз пардохт намояд. Соли равон садақаи фитр ба 1, 622 грамм гандум ва ду баробари арзиши гандум, ҷав муайян шудааст, ки он ба 1 сомонию 50 дирам баробар аст. Дар партави дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ ва Қарори Маҷлиси васеи Шӯрои уламои ҷумҳурӣ соли равон аз ҳисоби садақаи фитр оилаҳои камбизоат бо фурӯзонакҳои каммасраф таъмин карда мешаванд. Назар ба гуфти М. Раҳимов, дар ин самт Комиссияи назоратӣ фаъолият намуда, аз натиҷаи ин иқдом то 28 сентябри соли равон ба Шӯрои уламои ҷумҳурӣ гузориши хаттӣ пешниҳод месозад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






