ОҒОЗИ САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). — Дар майдони назди Қасри миллати шаҳри Душанбе маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил баргузор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки меҳмони олиқадр бегоҳии дирӯз барои боздиди нахустини расмӣ ба Душанбе омад. Мувофиқи тартиботи расмии сафарҳои давлатӣ, қумондони дастаи посбонони ифтихорӣ ба меҳмони олиқадр рапорти ҳозирбош дод. Сипас оҳангҳои давлатии ҳар ду мамлакат садо доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон аз назди дастаи посбонони ифтихорӣ гузар карда, бо ҳайатҳои намояндагони расмии мамлакатҳои ҳамдигар шинос шуданд. Дар маросими истиқболи Президенти Ҳиндустон намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ҳузур доштанд. Баъди анҷоми маросими истиқбол дар Қасри миллат мулоқоти якка ба яккаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил оғоз ёфт. Баъди мулоқоти сарони ҳар ду давлат гуфтушуниди ҳайатҳои расмии онҳо баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






