ОҒОЗИ САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 7, 2009 09:46

                Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). — Дар майдони назди Қасри миллати шаҳри Душанбе маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил баргузор гардид.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки меҳмони олиқадр бегоҳии дирӯз барои боздиди нахустини расмӣ ба Душанбе омад.                  Мувофиқи тартиботи расмии сафарҳои давлатӣ, қумондони дастаи посбонони ифтихорӣ ба меҳмони олиқадр рапорти ҳозирбош дод. Сипас оҳангҳои давлатии ҳар ду мамлакат садо доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон аз назди дастаи посбонони ифтихорӣ гузар карда, бо ҳайатҳои намояндагони расмии мамлакатҳои ҳамдигар шинос шуданд.                  Дар маросими истиқболи Президенти Ҳиндустон намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ҳузур доштанд.                Баъди анҷоми маросими истиқбол дар Қасри миллат мулоқоти якка ба яккаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил оғоз ёфт.                 Баъди мулоқоти сарони ҳар ду давлат гуфтушуниди ҳайатҳои расмии онҳо баргузор мегардад.

Сентябрь 7, 2009 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад