ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ БА ИСТИФОДАИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ ГУЗАШТАНД, ОДАМОНИ ДОРО ЧӢ?

Сентябрь 22, 2009 10:42

                 Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чунон, ки дар Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли ҷорӣ иди Рамазон ба иди хайру сахо табдил ёфт ва ба садҳо оилаҳои камбизоат фитри рӯзаро, ки ҳар сол бо маблағ аз ҷониби мардуми доро ва саховатпеша хайр карда мешуд, соли ҷорӣ лампаҳои каммасрафро ҳамчун фитри рӯза ба бенавоён ҳадя карданд.                Дар банди 3 – и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» омадааст: «Вазорати молияи ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолииҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва Ширкати саҳҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи тоҷик» то моҳи октябри соли 2009 241 ҳазор оилаи камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин намоянд».                Мӯҳлати амалишавии фармони мазкур наздик аст, аммо мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар хонаҳои зисти даҳҳо намояндагони қишрҳои миёнаю олии роҳбарикунанда амалишавии фармон кашол меёбад.                Набояд фаромӯш кард, ки истифодаи сарфакоронаи барқ таҳти дастури Президенти кишвар сурат мегирад ва роҳи бозгашт надорад.

Сентябрь 22, 2009 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ