ОМӮЗГОРИ ТОҶИК — БАРАНДАИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Маскав, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 24 сентябр дар пойтахти Ҷумҳурии Молдавия — шаҳри Кишинёв дар ҷараёни мулоқоти навбатии чоруми намояндагони зиёиёни илмӣ ва эҷодкори мамлакатҳои ИДМ маросими супоридани ҷоизаи байналхалқӣ ба омӯзгорони ҷавони мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Ҳамдиёри мо — муаллими забону адабиёти руси литсей – интернати президентӣ барои бачагони боистеъдод Сафаралӣ Саидов дар бахши «Забони русӣ» барандаи ҷоизаи байналхалқӣ гардид. Мувофиқи шартҳои озмун аз 9 то 11 сентябр дар Маскав озмуни муаллимони ҷавони фанҳои забони русӣ, забони модарӣ ва таърих баргузор гардид, ки солҳои гуногун ба унвони «Муаллими сол» сазовор гардидаанд. Иштирокчиёни озмун барномаҳои таълимӣ, нақшаи машғулиятҳо ва дастурамалҳои методии худро ба озмун фиристоданд. Натиҷаи озмунро ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Русия ҷамъбаст намуд. Ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни озмун баъдан ба Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ фиристода шуданд. Бо қарори ҳайати доварони байналхалқӣ омӯзгори тоҷик Сафаралӣ Саидов сазовори ҷоиза дониста шуд. С.Саидов айни ҳол ҳамроҳи гурӯҳи шогирдонаш дар шаҳри Сочи мусофират дорад. Шогирдони ӯ дар ин ҷо дар озмуни донистани қоидаҳои ҳаракати роҳ иштирок мекунанд. Талабагони литсеи мазкур қабл аз ин дар озмуни донандагони қоидаҳои ҳаракати роҳ дар Қазоқистон ҷои аввалро ишғол карда буданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷоизаҳои байналхалқӣ ба соҳибонашон 24 сентябр супурда хоҳад шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






