ОМӮЗГОРИ ТОҶИК – БАРАНДАИ ҶОИЗАИ ОЗМУНИ «ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОНИ ИДМ»
Маскав, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Дар доираи мулоқоти чоруми олимон ва эҷодкорони ҷавони мамлакатҳои ИДМ маросими супоридани ҷоизаҳои озмуни «Истеъдодҳои ҷавони ИДМ» баргузор гардид. Намояндаи махсуси президенти Русия дар масъалаҳои ҳамкории байналхалқии гуманитарӣ Михаил Швидкой ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҷоизаҳои озмуни мазкурро Шӯрои ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои Иттиҳод ва Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ таъсис додаанд. Озмуни «Истеъдодҳои ҷавони ИДМ» бори нахуст соли 2008 дар шаҳри Душанбе гузаронида шуда буд. Имсол ҷоизаҳои озмуни «Истеъдодҳои ҷавони ИДМ» ба омӯзгорони ҷавон супорида шуданд. Ҷоизаҳоро иҷрокунандаи вазифаи президенти Молдавия, раиси парлумон Михай Гимпу супорид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар байни барандагони ҷоиза намояндаи Тоҷикистон, омӯзгори забон ва адабиёти руси Литсей – интернати Президентӣ барои бачагони боистеъдод Сафаралӣ Саидов низ ҳаст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






