ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ
Бадахшон, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар ВМКБ Қарори раиси вилоят оиди ташкил намудани комиссияҳои ҳарбии вилоят ба тасвиб расид. Майор Н. Ширинов, корманди масъули комиссариати ҳарбии вилоят иттилоъ дод, ки тамоми шаҳру навоҳи аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи баҳорӣ ба таври пуррагӣ баромаданд. Дар ин боб саҳми комиссияҳои даъватӣ ва комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Шуғнон, Мурғоб, Рӯшон калон аст. Тибқи ахбороти комиссарони ҳарбӣ ҳамаи онҳо захираи кофӣ дошта, метавонанд аз ӯҳдаи иҷрои даъват дар мӯҳлати кӯтоҳтарин бароянд. Инчунин, камбудиҳои асосии нарасидани мавод барои акси қафаси сина, табибони мутахассиси чашм ва рӯҳ, инчунин фаъолияти нокифояи комиссияҳои даъватӣ, наандешидани чораҳои лозимӣ нисбати онҳое, ки аз адои хизмат саркашӣ мекунанд, арзёбӣ гардиданд.Комиссари ҳарбии вилоят Зафар Давлатов ва прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ Фармонбек Шарипов диққати мутасаддиёнро ба даъвати фарзандони шахсони соҳибмансаб, сари вақт ба ҷавобгарӣ кашидани мутасаддиёни онҳое, ки ба амалӣ гардидани Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ сади роҳ мешаванд ҷалб намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






