ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

Сентябрь 18, 2009 14:47

                 Бадахшон, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар ВМКБ Қарори раиси вилоят оиди ташкил намудани комиссияҳои ҳарбии вилоят ба тасвиб расид.                  Майор Н. Ширинов, корманди масъули комиссариати ҳарбии вилоят иттилоъ дод, ки тамоми шаҳру навоҳи аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи баҳорӣ ба таври пуррагӣ баромаданд. Дар ин боб саҳми комиссияҳои даъватӣ ва комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Шуғнон, Мурғоб, Рӯшон калон аст.                   Тибқи ахбороти комиссарони ҳарбӣ ҳамаи онҳо захираи кофӣ дошта, метавонанд аз ӯҳдаи иҷрои даъват дар мӯҳлати кӯтоҳтарин бароянд. Инчунин, камбудиҳои асосии нарасидани мавод барои акси қафаси сина, табибони мутахассиси чашм ва рӯҳ, инчунин фаъолияти нокифояи комиссияҳои даъватӣ, наандешидани чораҳои лозимӣ нисбати онҳое, ки аз адои хизмат саркашӣ мекунанд, арзёбӣ гардиданд.Комиссари ҳарбии вилоят Зафар Давлатов ва прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ Фармонбек Шарипов диққати мутасаддиёнро ба даъвати фарзандони шахсони соҳибмансаб, сари вақт ба ҷавобгарӣ кашидани мутасаддиёни онҳое, ки ба амалӣ гардидани Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ сади роҳ мешаванд ҷалб намуданд. 

Сентябрь 18, 2009 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид