ОЗМУНИ НАВБАТИИ ЖУРНАЛИСТОНИ СОҲАИ ЭКОЛОГИЯИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Сентябрь 22, 2009 14:22

                  Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз дар Маркази равобити пойтахт маросими ифтитоҳи озмуни 7 – уми журналистони соҳаи экологияи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ кушода шуд.                    Озмун бо дастгирии созмонҳои давлатӣ, байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ баргузор мегардад, дар он намояндагони панҷ мамлакати Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд.                     Озмуни мазкур ба мавзӯи ҳифзи табиат бахшида шуда, ҳадафи он дастгирии журналистикаи соҳаи экология дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз проблемаҳои ҳифзи табиат огоҳ намудани ҷомеа ва истифодаи оқилонаи табиат ва сарватҳои он мебошад.                    Дар ҷараёни озмун сабқати эҷодии журналистони мамлакатҳои минтақа дар соҳаи экология гузаронида мешавад. Дар озмун асарҳое иштирок мекунанд, ки дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз 2 апрел то 1 майи соли 2009 бахшида ба проблемаҳои ҳифзи табиат чоп карда, шунавонида ё пахш карда шуда шудаанд. Ба асарҳои мазкур ҳайати байналхалқии доварон баҳо медиҳад. Барои асарҳои беҳтарин ҷоизаҳо муқаррар карда шудаанд. 

Сентябрь 22, 2009 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд