П. ПАТИЛ ХОСТОРИ ҲАР ЧӢ БЕШТАРИ ТАВСЕАИ РОБИТАҲО БО ТОҶИКИСТОН АСТ

Сентябрь 8, 2009 15:29

                Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намоянадгони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Пратиба Девисингх Патил дар Душанбе баррасӣ шуданд. С. Хайруллоев меҳмони олиқадрро ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат ва таҳияи қонуну санадҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ шинос намуд.                 Зимни мулоқот Раиси палатаи касбии мамлакат доир ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар ибрози назар карда, гуфт, ки ҳалқҳои тоҷику ҳиндро аз қадимулайём таъриху фарҳанги муштарак ба ҳам мепайвандад. Ин аст, ки осори шахсиятҳои бузурги илму фарҳанги кишвари Ҳинд дар Тоҷикистон ба таври васеъ омӯхта мешаванд.                 Мавсуф ба сатҳи ҳамкориҳои парлумонии ҳар ду кишвар баҳои баланд дода, афзуд, ки фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарулмонӣ ва сафари ҳайатҳои парлумонҳои ҳар ду кишвар ба давлатҳои ҳамдигар шаҳодати тавсеаи робитаҳои устувори парлумонист.                Президенти Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил аз раванди ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки Ҳиндустон хостори ҳар чӣ бештари густариши муносибот бо Тоҷикистон аст.                 Зикр шуд, ки дар раванди ҳамкориҳои ҳар ду кишвар ҳанӯз имкониятҳои истифоданошуда зиёд аст ва ҳар ду кишварро зарур аст, ки ин имкониятҳоро самарабахш истифода намоянд.                Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаҳои таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ ва пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.

Сентябрь 8, 2009 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд