ПЕШГИРИИ К&#1262ШИШ&#1202ОИ ТА&#1170ЙИР ДОДАНИ НАТИ&#1206А&#1202ОИ &#1206АНГИ ДУЮМИ &#1206А&#1202ОН

Сентябрь 24, 2009 10:36

                Ню — Йорк, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар» — лента.ру). – Президенти Русия Дмитрий Медведев зимни суханрониаш дар иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи кулли СММ изҳор намуд, ки муборизаи қатъӣ ба муқобили зуҳуроти миллатгароии навбаромад ва кӯшишҳои тағйир додани натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти СММ бошад. Президенти Русия ба иштирокчиёни иҷлосия ёдовар шуд, ки соли оянда 65 – солагии ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Русия дар робита пешниҳод намуд, ки ба муносибати 65 – солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон қатъномаи дахлдор қабул намуда, моҳи майи соли 2010 барои поси хотири қурбониёни ҷанг маҷлиси махсуси Маҷмаи кулли СММ гузаронида шавад.                 Д.Медведев зикр намуд, ки вақтҳои охир фаъолияти ҷунбишҳо ва созмонҳои фашистони навбаромад хеле авҷ гирифтааст. Онҳо дар заминаи нажодпарастӣ, хусумати миллӣ ва нафрати қавмӣ ҷиноятҳои гуногун содир менамоянд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш карда мешавад, ки натсизми фашистӣ сафед карда шавад, гуруснагӣ ва муромурии солҳои 37 – уми асри гузашта рад карда мешаванд, миллатгароён мехоҳанд қарорҳои маҳкамаи олии Нюрнбергро таҷдиди назар намоянд, гуфт президенти Русия.               Д.Медведев дар ҷараёни иштирокаш дар иҷлосияи Маҷмаи кулли СММ бо президенти ИМА Барак Обама мулоқот кард. Вай зимни сӯҳбат қарори Қасри Сафедро дар бораи мавқуф гузоштани мӯҳлати бунёди бунгоҳҳои пешгирии ҳуҷуми ракетаҳо дар Аврупои Шарқиро рафтори оқилона номид. 

Сентябрь 24, 2009 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд