ПЕШГИРИИ КӮШИШҲОИ ТАҒЙИР ДОДАНИ НАТИҶАҲОИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН
Ню — Йорк, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар» — лента.ру). – Президенти Русия Дмитрий Медведев зимни суханрониаш дар иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи кулли СММ изҳор намуд, ки муборизаи қатъӣ ба муқобили зуҳуроти миллатгароии навбаромад ва кӯшишҳои тағйир додани натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти СММ бошад. Президенти Русия ба иштирокчиёни иҷлосия ёдовар шуд, ки соли оянда 65 – солагии ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Русия дар робита пешниҳод намуд, ки ба муносибати 65 – солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон қатъномаи дахлдор қабул намуда, моҳи майи соли 2010 барои поси хотири қурбониёни ҷанг маҷлиси махсуси Маҷмаи кулли СММ гузаронида шавад. Д.Медведев зикр намуд, ки вақтҳои охир фаъолияти ҷунбишҳо ва созмонҳои фашистони навбаромад хеле авҷ гирифтааст. Онҳо дар заминаи нажодпарастӣ, хусумати миллӣ ва нафрати қавмӣ ҷиноятҳои гуногун содир менамоянд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш карда мешавад, ки натсизми фашистӣ сафед карда шавад, гуруснагӣ ва муромурии солҳои 37 – уми асри гузашта рад карда мешаванд, миллатгароён мехоҳанд қарорҳои маҳкамаи олии Нюрнбергро таҷдиди назар намоянд, гуфт президенти Русия. Д.Медведев дар ҷараёни иштирокаш дар иҷлосияи Маҷмаи кулли СММ бо президенти ИМА Барак Обама мулоқот кард. Вай зимни сӯҳбат қарори Қасри Сафедро дар бораи мавқуф гузоштани мӯҳлати бунёди бунгоҳҳои пешгирии ҳуҷуми ракетаҳо дар Аврупои Шарқиро рафтори оқилона номид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






