РӮЙХАТИ НАВИ ДЗЮДОЧИЁНИ БЕҲТАРИНИ ҶАҲОН

Сентябрь 17, 2009 13:14

                 Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Федератсияи байналхалқии дзюдо моҳи сентябр баъди мусобиқоти қаҳрамонии 26 – уми дзюдочиёни ҷаҳон дар шаҳри Ротердами Голландия рӯйхати варзишгарони беҳтарини ҷаҳонро дар байни мардон ва занон нашр намуд. Ба рӯйхат намояндагони 35 мамлакати ҷаҳон шомил гардиданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дзюдочиёни тоҷик низ ба рӯйхати варзишгарони беҳтарин дохил карда шуданд.                 Аз ҷумла, варзишгарон Ҷамшед Халилов ва Шералӣ Бозоров бо 4 хол ҷойҳои 100 – ум ва 102 — юм, Фарҳод Раҳимов бо 40 хол ҷои 62 – юм ва Парвиз Собиров, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Шавкат Иқболов бо 60 хол ҷойҳои аз 40 то 44 – умро ишғол менамоянд.

Сентябрь 17, 2009 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд