РАШИД РАҲИМОВ РОҲБАРИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ «АМКОР» ТАЪИН ШУД
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Футболбози машҳури тоҷик Рашид Раҳимов сартренери дастаи футболи «Амкор» — и вилояти Перми Федератсияи Русия таъин шуд. Бояд гуфт, ки Р.Раҳимов тӯли солҳои 2006 – 2007 ба дастаи мазкур роҳбарӣ мекард. Р.Раҳимов зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дастаи футболи «Амкор» айни ҳол дар қисми поёнии ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Вай дар бораи сартренери пештараи даста Димитар Дмитров сухан ронда, зикр намуд, ки ӯ то ҳадди имкон кӯшиш кард, ки фаъолияти дастаро беҳтар созад. Р.Раҳимов зимни сӯҳбат бо раиси даста Валерий Чупраков нақшаи тадбири ояндаи тайёр намудани дастаро ба мусобиқаҳо муҳокима намуд. Рашид Раҳимов соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ дастпарвари мактаби дастаи машҳури «Помир» мебошад. Рашид Раҳимов баъдан дар ҳайати дастаҳои футболи «Спартак», «Локомотив», «Валядолид» — и Испания, дастаҳои «Аустрия» ва «Адмири — Ваккор» — и Австрия, инчунин дар ҳайати дастаи миллии мунтахаби Русия бозӣ кардааст. Ӯ аз моҳи сентябри соли 2006 то моҳи ноябри соли 2007 сартренери дастаи «Амкор» ва аз соли 2008 то 2009 роҳбари дастаи «Локомотив буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






